Пайвандҳои дастрасӣ

Насби дудбарои нав дар макони интихоби Попи Рум


Се рӯз қабл аз интихоботи Попи нави Рум дар Капеллаи Сикстина лулаи дудбарои махсусро насб карданд, ки тавассути он оламиён аз натиҷаҳои раъйдиҳӣ дар интихоботи раҳбари калисои католикӣ огаҳ хоҳанд шуд. Интихобот дар биное, ки бо нигораҳои Микеланҷело оро ёфтааст ва комилан махфӣ сурат мегирад.

Таври маъмул, ному насаби номзадҳо ба мақоми Попи Румро дар варақҳо менависанд. Баъд аз раъйдиҳии дуввум баргаҳо бо номи номзадҳоро месӯзонанд ва зимнан, ба коғазҳо маҳлули маҳсуси кимиёвӣ илова мекунанд.

Агар аз лулаи дудбароӣ дуди сиёҳ берун шавад, пас Попи Рум интихоб нашудааст, дуди сафед бошад, маънои онро дорад, ки католикҳо соҳиби сарвари нав шудаанд. Ҳамзамон бо дуди сафед садои зангулаҳо низ баланд мешавад.

Попи пешини Рум Бенедикти 16 моҳи гузашта аз мақомаш истеъфо дод.
XS
SM
MD
LG