Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қарори додгоҳ боиси эътирозҳои нав дар Миср шуд


Дар Қоҳира ва дигар шаҳрҳои Миср эътирозҳо ба тайид шудани ҳукми муттаҳамон дар ҳалокати одамон бар асари бенизомиҳо дар шаҳри Порт-Саид шурӯъ шуданд. Дар пойтахт мухлисони дастаи футболи “Ал-Аҳлӣ” бинои Анҷумани футболи Миср ва бинои клуби полисро ба оташ кашиданд. Дар шаҳри Порт-Саид садҳо эътирозгарон талош карданд, ки ба ҳаракати киштиҳо аз тариқи канали Суэтс монеъ шаванд.

Рӯзи шанбе додгоҳи Қоҳира ҳукми эъдоми 21 нафари муттаҳам дар ҳалокати одамон бар асари бенизомиҳо дар варзишгоҳи шаҳри Порт-Саид дар беш аз як соли ахир тасдиқ кард. Панҷ нафар аз 73 тани гумонбар ба ҳабси абад маҳкум шуданд. Нуздаҳ нафар аз 5 то 15-солиро пушти панҷара сипарӣ хоҳанд кард. Додгоҳ 28 нафарро бегуноҳ донист ва онҳо озод карда шуданд.

Ёдовар мешавем, якуми феврали соли 2012 бар асари бенизомиҳо баъд аз бозии футбол миёни дастаи маҳаллии “Масрӣ” ва дастаи “Аҳли”-и Қоҳира дар варзишгоҳи Порт-Саид 74 нафар ба ҳалокат расида, беш аз ҳазор каси дигар ҷароҳат бардоштанд.
XS
SM
MD
LG