Пайвандҳои дастрасӣ

Миср: Муттаҳамон дар бенизомиҳо эъдом хоҳанд шуд


Додгоҳи Қоҳира ҳукми эъдоми 21 нафари муттаҳам дар ҳалокати одамон бар асари бенизомиҳо дар варзишгоҳи Порт-Саид дар беш аз як соли пешро тасдиқ кард.

Бо ҳукми ин додгоҳ, панҷ нафар аз 73 тани гумонбар ба ҳабси абад маҳкум шуданд. Нуздаҳ нафар аз 5 то 15-солиро пушти панҷара сипарӣ хоҳанд кард. Додгоҳ 28 гумонбарро бегуноҳ донист ва онҳо озод карда шуданд.

Ёдовар мешавем, якуми феврали соли 2012 бар асари бенизомиҳо баъд аз бозии футбол миёни дастаи маҳаллии “Масрӣ” ва дастаи “Аҳли”-и Қоҳира дар варзишгоҳи Порт-Саид 74 нафар ба ҳалокат расида, беш аз ҳазор каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Бархӯрди оммавӣ баъди он шурӯъ шуд, ки дастаи маҳаллӣ ҳарифашро бо ҳисоби 3 бар 1 шикаст дод. Мухолисони дастаи “Аҳлӣ” ба футболбозон ва мухлисони дастаи рақиб ҳамла карданд. Бенизомиҳо дар шаҳр рӯзи дигар ҳам идома доштанд ва дар онҳо боз 16 нафар ҷон бохтанд.

Ҳукми эъдоми 21 муттаҳам охирҳои моҳи январ содир шуда буд. Бисёриҳо аз ин ҳукм истиқбол карданд ва аммо наздикону пайвандони муҷримон ба нишони эътироз ва ба хотири раҳо кардани маҳбусон ба боздоштгоҳ ҳамла карданд. Миёни онҳо ва полис бархӯрд ба вуқӯъ пайваст, ки боиси ҳалокати 22 нафар ва ҷароҳат бардоштани беш аз сад каси дигар гардид.

Дар ҳамин ҳол дар дасти кам 10 вилояти Миср коршикании кормандони полис идома дорад. Дар коршиканӣ асосан полисҳои қаторӣ ширкат мекунанд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, дар баъзе шӯъбаҳои полис ҳама кормандон ба тазоҳурот пайваста, ба дарҳо занҷир задаанд. Кормандони полис аз он эътироз мекунанд, ки ҳукумати раисиҷумҳур Муҳаммад Мурсӣ онҳоро барои парокандасозии намоишҳои эътирозӣ маҷбур месозад. Ҳомиёни тартибот ҳамчунин аз он норозиянд, ки аз ҳимояти кофӣ аз таъқиби додгоҳӣ бархурдор нестанд.

Ба хотири коҳиш додани ғаҳру ғазаби кормандони полис рӯзи ҷумъа раиси нерӯҳои амниятии Миср аз мақомаш барканор карда шуд.
XS
SM
MD
LG