Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар масҷиде дар Пешовар боиси марги 4 нафар шуд


Таркиши бомб дар як масҷиди сунниҳо дар шаҳри Пешовар, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон, дасти кам 4 кушта бар ҷой гузошт. Масъулини идораи полиси шаҳр гуфтанд, дар ин ҳодиса, ки зӯҳр ҳангоми намозгузорӣ дар масҷид ба вуқӯъ пайваст, беш аз 20 тани дигар захмӣ шудаанд. Масъулияти ҳамларо ҳанӯз гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст.

Пешовар, маркази вилояти Хайбар-Пахтунхва, моҳҳои ахир ба саҳнаи ҳамлаҳои интиҳорӣ табдил шудааст. Ин шаҳрро аз чаҳор сӯ манотиқи қабоилнишин иҳота кардаанд, ки он ҷо мусаллаҳони “Ал-Қоида” ва толибони покистонӣ панаҳ бурдаанд.
XS
SM
MD
LG