Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дучархасаворӣ солҳои охир дар Суғд маъмулӣ шуда даҳҳо дучарсаворони пиру ҷавонро дар роҳҳои Хуҷанд дидан мумкин аст.

Ҷамшед, як ҷавони 38-солаи суғдӣ мегӯяд, сол 30 соли умрашро болои зини дучарха гузоронидааст. Вай масофаи аз Хуҷанд то Чкаловро савори дучарха тай мекунад.

Аммо ба гуфтаи мусоҳибам, дучархасаворӣ дар роҳҳои тангу пурмошин торафт душвортар мегардад: “Баъзе ронандаҳои шиносам мегӯянд, “ба 40 даромадию барои автомобил пул ҷамъ накардӣ?” Баъзе ронандаҳо бе ягон аломат пеш гузашта, якбора меистанд. Умуман, бисёр ронандаҳо моро чун савори нақлиёт эътироф намекунанд. Аммо ман ба ин аҳамият намедиҳам ва бо риояи қоида аз канори роҳи мошингард ҳаракатамро давом медиҳам. Чунки мебинам, сафи мо, дучархасаворон рӯз то рӯз зиёд мешавад.”

Як дучархасавор дар Хуҷанд

Як дучархасавор дар Хуҷанд

Мусоҳибам афзуд, вай ба ду писари хурдаш низ дучарха харидааст, аммо нописандии ронандаҳо, издиҳоми нақлиёт ва роҳҳои тангу ноҳамвор, ҳаракат дар нақлиёти писандидаашонро торафт душвор ва хатарнок мегардонад:

«Дар як сол манро ду бор ҷарима бастанд. Як бор назди бозори «Панҷшанбе» дар асосе, ки гӯё ман дар ҷое, ки истодани нақлиёт мумкин нест, таваққуф карда бошам. Навбати дуюмаш, хандаовар: автомобили як мансабдор бо роҳи ман аз муқобилам омад, яъне вай қоидаи ҳаракатро вайрон кард. Аммо манро ҷарима карданд, ки чаро ба пайраҳаи пиёдагардӣ баромада, раҳро барои нақлиёти калон холӣ накардӣ?»

Нозирони роҳ ва ронандаҳо дар навбати худ мегӯянд, риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо аз ҷониби дучархасаворон, ҳар лаҳза барои онҳо душворӣ эҷод мекунад. Амаки Иброҳим, як ронандаи таксӣ дар Хуҷанд мегӯяд: “Ин дучарха нею як дарди сар шуд. Рост аз муқобилатон меояд ё чӣ тавр нохост аз кӯча ба роҳи калон баромаданашро надида мемонӣ. Ақаллан аввал ба бачаҳо қоидаҳои оддии ҳаракат, аз кадом самт, канори роҳ, чароғаки ранга, роҳ доданро омӯхтан, баъд сари фармони дучарха шинондан лозим, набошад, фалокат аз таги по мехезад.”

Фахриддини Аваззод, сухангӯи БДА - и вилояти Суғд мегӯяд, қоидаи асосӣ барои дучархасавор, ҳаракат аз канори роҳи мошингард аст. Вай афзуд, нозирони роҳ соли 2012 дар вилоят беш аз 3 ҳазор мавриди вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат аз ҷониби дучархасаворон ба қайд гирифтаанд. Беш аз 1 ҳазор нафари онҳоро аз 20 то 40 сомонӣ ҷарима намуда, волидайни ҳудуди 2 ҳазор кӯдаки дучархасаворро расман огоҳ кардаанд:

“Нозирони роҳ каманд ва назорати ҳаракати дучархаҳо душвор аст. Онҳо аз оддитарин қоидаҳоро сарфи назар мекунанд. Аз канори роҳи калон ҳаракат накарда, аз муқобили нақлиёти дигар меронанд, нишонҳои огоҳкунанда барои торикӣ надоранд. Аз ин рӯ мо волидайни бачаҳои дучархсаворро расман ҳушдор медиҳем, ки ба фарзандони худ қоидаи ҳаракатро ёд диҳанд.”

Моҳе пеш дар пули рӯдхонаи Сир як ронандаи 40-солаи “Мерседес” дучархасавори 76-сола Фармон Шодиевро зери чархи худ кушта, фирор кард. Мусафед болои пул ҷон дод ва кормандони милиса ронандаи гунаҳкорро, ки автомобилаш дар вақти садама ба навори видеоӣ афтода буд, баъди як моҳи ҷустуҷӯ, дастгир карданд.

Сабти ҳудуди 3 ҳазор вайрокунии қоидаҳои ҳаракати роҳ дар соли гузашта дар вилояти Суғд нишони он аст, ки теъдоди дучархасаворон дар ин минтақа хеле зиёд шудааст.

Вале мусоҳиби авваламон Ҷамшед мегӯяд, дар фикри таъсиси як ҷамъияти хоси дучархасаворон аст, то хостаҳои худро ба таври дастҷамъӣ назди масъулон матраҳ намоянд.

Дучарха дар солҳои охир дар Суғд барои оилаҳои камбизоат, касоне, ки рағбати савор шудан дар микробусҳои тангу торро надоранд ва умуман – ҳаводорони дучархасаворию машқи бадан, ба ягона нақлиёти хусусӣ табдил ёфтааст. Нақлиёти бедуду бесадо ва тақрибан бехарҷ. Дигар касе ба мисли пештара ба калонсолони дучархасавор бо назари ҳайрату гоҳе нописандӣ наменигарад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG