Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулис мегӯяд, "ноболиғони ғоратгар"-ро боздошт кардааст


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як гуруҳи ноболиғон хабар дод, ки ба ғоратгарӣ машғул будаанд.

Тибқи навиштаи торнамои расмии вазорати умури дохилии Тоҷикистон, маъмурони пулис дар ноҳияи Ҳисор як гуруҳи панҷнафараи ноболиғонро боздошт кардаанд, ки даст ба ғорати молу дороиҳои мардум задаанд.

Ба навиштаи ин манбаъ,афроди боздоштшуда аз 14 то 19 сола буда, ҳама сокинони кӯчаи Юсуфии ноҳияи Ҳисор мебошанд.

Ин афрод аз ҷумла шаби 3-юми марти соли ҷорӣ бо роҳи зӯрӣ аз сокини деҳаи Қипчоқи ҳамин ноҳия Зулфиқор Ашӯров як адад телефони мобилии «Нокия», 1-адад курткаи чармин, 1-адад қайчии токбурӣ ва 800-сомонӣ пули нақдро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳамакнун далелҳо қисман дарёфт шуда ва дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Афзоиши ҷинояткории ҷавонону наврасон нигаронии мақомоти тоҷикро ба бор овардааст. Ахиран Эмомалӣ Раҳмон гуфт, наврасону ҷавонон дар муқоиса ба як соли пеш 80 маврид бештар ҷиноят содир кардаанд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи васеи ҳукумати кишвар, ки рӯзи 15-уми январи соли ҷорӣ доир шуд, гуфт, ҳодисаҳои афзояндаи ҷанҷолҳои миёни мактаббачаҳо ба "як раванде табдил шудааст, ки мояи нигаронии амиқ" аст.

Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2012 танҳо аз сӯи ноболиғон 625 ҷиноят содир шудааст, ки дар муқоиса ба як соли пеш 80 маврид ва ё 15 дарсад бештар будааст.

Ин дар ҳолест, ки соли гузашта нашри наворҳои ғайриахлоқии мактаббачаҳо ва ҷавонон дар торнамоҳо ва телефонҳои мобилӣ боиси нигаронии волидайн ва дар маҷмӯъ ҷомеаи кишвар шуда буд. Сабаби бадахлоқ ва ҷинояткор шудани теъдоде аз ҷавононро худи онҳо дар беназоратӣ, тамошои филмҳои хориҷии бидуни сонсур ва бекорӣ медонанд.

Нигаронӣ аз афзоиши ҷинояткории ҷавонону ноболиғон дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон сар аз соли 2011 қонуни масъулияти волидайн дар тарбияи фарзанд амал мекунад ва ҷазо барои тарбияи носолими фарзанд барои волидайнро шадид кардааст.

Дар навори видеоии "Озодӣ" худи ҷавонону наврасон ва ҳамчунин волидайн роҷеъ ба сабабҳои афзоиши ҳодисаҳои ҷинояткорӣ дар миёни наворасону ҷавонон изҳори назар мекунанд:

ЧАРО ҶИНОЯТКОРӢ МИЁНИ ҶАВОНОН АФЗУДААСТ? (НАВОР АЗ БОЙГОНӢ)

Чаро ҷинояткорӣ миёни ҷавонон афзудааст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:48 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG