Пайвандҳои дастрасӣ

Резиши шадиди барф дар Душанбе


Шаҳри Душанбе, 9-уми марти соли 2013.

Шаҳри Душанбе, 9-уми марти соли 2013.

Резиши шадиди барф дар Душанбе, ҳаракат дар ҷодаҳоро мушкил карда, сокинонро мунтазири мусофирбарҳо гузошт.

Агарчӣ як моҳи ахири зимистон хушку камбарф буд, вале барфрезии рӯзи ҷумъа ва шаби шанбе дар Душанбе, ки баландии он ҳудуди 30-40 сантиметр аст, ғайриодӣ буд.

Ин аст, ки субҳи рӯзи шанбе камбуди васоили нақлиёт дар шаҳр ба таври ошкор эҳсос мешуд ва бисёре аз сокинон аз хадамоти ширкатҳои нақлиётӣ интиқод мекунанд.

Бо вуҷуди барфрезии шадиди шаби гузашта, масъулони фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе мегӯянд, фурудгоҳ барои қабул ва гусели ҳавопаймоҳо омода аст.

Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи Дафтари матбуотии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе субҳи рӯзи шанбе дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ ба "Озодӣ" гуфт, шароити парвоз дар фурудгоҳ таҳти назорат аст ва парвозҳо тибқи ҷадвал аз сар гирифта мешаванд.

Зимнан, рӯзи гузашта бинобар ҳавои номусоид дар пойтахти Тоҷикистон, як ҳавопаймои хаттсайри Санкт Петербург–Душанбе, ночор дар Хуҷанд фуруд омада буд. Як рӯз қабл аз он низ бинобар бориши шадиди барф дар Эрон, парвоз дар хаттсайри Машҳад- Душанбе сурат нагирифта буд. Қарор буд ҳавопаймои ин хаттсайр панҷшанбе мусофиронро ба Душанбе интиқол медод

Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, бориши барф баъди 9 март қатъ мегардад ва дар рӯзҳои минбаъда ҳарорати ҳаво 12-14 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG