Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ИМА занони шуҷоъ қадрдонӣ шуданд


Афсари полиси Афғонистон ва рӯзноманигори рус дар байни 10 зане буданд, ки рӯзи ҷумъа дар департаменти давлатии ИМА ба гирифтани “ҷоизаи байналмилалии шуҷоат” ноил гаштаанд. Ҳамсари президенти ИМА Мишел Обама ва котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ дар маросими тақдими ҷоизаҳо дар Вашингтон иштирок карданд. Модари се фарзанд хонум Малолай Баҳодурӣ аввалин зан дар рутбаи сержант аст, ки дар хадамоти мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон ифои вазифа мекунад. Департаменти давлатии ИМА ҳамчунон хабарнигори муҳаққиқ Елена Милашинаро бо ҷоизаи байналмилалии шуҷоат қадрдонӣ намуд. Дар миёни барандагони имсолаи ҷоиза як зани фаъоли демократия дар Нигерия, як зани ҳомии ҳуқуқи Сурия ва хонуме бо номи Нирбаҳая, ки бар асари таҷовуз ба номусаш дар Ҳиндустон ҳалок шудааст, зикр гардидаанд.
XS
SM
MD
LG