Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими давлатии видоъ бо Чавес доир шуд


 Маросими видоъ бо Ҳуго Чавес
Маросими видоъ бо Ҳуго Чавес
Дар Венесуэла маросими давлатии видоъ бо президенти ин кишвар Ҳуго Чавес доир шуд. Чавеси 58-сола чанд рӯз пеш бар асари саратон ва таъсири ин беморӣ вафот кард.

Раҳбарони кишварҳои мухталифи олам ва аз ҷумла муттафиқони наздики Чавес президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод, раҳбари Куба Раул Кастро ва президенти Беларус Александр Лукашенка дар толори Академияи низомии шаҳри Каракас бо Чавес видоъ намуданд.

Маросимро оркестри симфонии Венесуэла бо суруди миллии ин кишвар ифтитоҳ намуд. Ҷасади Чавес ҳафт рӯзи дигар дар толор боқӣ хоҳад монд ва хоҳишмандон хоҳанд тавонист, ки бо ӯ видоъ намоянд.

Ноиб-президенти Венесуэла Николас Мадуро, ки маросими видоъро сарварӣ мекард, гуфт, баъди як ҳафта ҷасади Чавесро мисли ҷасадҳои Ленин, Ҳо Ши Мин ва Мао мумиё карда, дар дохили зарфи шишагин хоҳанд гузошт.

Пешбинӣ мешавад, ки дар давоми 30 рӯзи оянда дар Венесуэла интихоботи нави президентӣ доир хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG