Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА мубориза барои ҳуқуқи занонро идома медиҳад


 Президенти ИМА Барак Обама

Президенти ИМА Барак Обама

Президенти ИМА Барак Обама ба муносибати Рӯзи байналмилалии занон-8-уми март, изҳороте пахш намуда, бори дигар иброз доштааст, ки ИМА ба мубориза барои ҳуқуқ ва имконоти занону духтарон дар саросари олам содиқ мемонад.

Ба қавли президенти ИМА ҳарчанде ки занон муваффақ бошанд, ҳамон қадар кишварҳо бо назму субот хоҳанд буд. Президент Обама мегӯяд, кишвараш баҳри баробарҳуқуқи занон бо СММ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сектори хусусӣ ҳамкорӣ мекунад.
Барак Обама хотирнишон мекунад, ки кишвараш барномаи таҳкими мақоми иқтисодии занон ва ширкати васеътари онҳо дар сиёсатро ҳамроҳ бо лоиҳаи ҷилавгирӣ аз хушунат бар зидди занон амалӣ мекунад.

Раҳбари амрикоӣ меафзояд, вақте сухан аз бунёди дунёе меравад, ки дар он писарону духтарони мо имкони татбиқи ҳадафҳояшонро дошта бошанд, ҳар яки мо нақше дорем, ки бояд онро иҷро кунем.
XS
SM
MD
LG