Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кореяи Шимолӣ ба Кореяи Ҷанубӣ боз таҳдид кардааст


Кореяи Шимолӣ мегӯяд, ки паймони худдорӣ аз ҳамла бо Кореяи Ҷанубиро аз эътибор соқит медонад ва ҳамчунон хатти мустақими робита бо ин кишварро қатъ мекунад.

Ҳамагӣ чанд соат пеш аз ин тасмими мақомоти Пхенян Шӯрои Амнияти СММ дар иртибот бо озмоиши ҳастаии Кореяи Шимолӣ аз 12-уми феврал қатъномае ба тасвиб расонда, таҳрими ин кишварро тавсеа бахшид.
Ҳафтаи равон Кореяи Шимолӣ таҳдид намуда буд, ки созиши хатми ҷанги нимҷазираи Корея аз соли 1953-ро лағв хоҳад кард. Президенти Кореяи Ҷанубӣ хонум Парк Геун Ҳу дар ин робита мегӯяд:

Вазъи амниятии мо феълан хеле нигаронкунанда аст. Кореяи Шимолӣ ба мо бо озмоиши ҳастаӣ ва рушди мушакҳои дурпарвоз таҳдид мекунад. Онҳо ҳамчунин таҳдид мекунанд, ки қарордоди муваққати сулҳро лағв хоҳанд кард.”

Рӯзи панҷшанбе Кореяи Шимолӣ таҳдид кард, ки ИМА-ро мавриди ҳамлаи ҷилавгирикунанда қарор хоҳад дод. Вале Қасри Сафед мегӯяд, ки ин кишвар имкон дорад, ки худро аз ҳамлаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ ҳимоят кунад.
XS
SM
MD
LG