Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ташйиъи расмии ҷанозаи Чавеc раҳбарон ширкат мекунанд


Раҳбарони ҷаҳон ва дипломатҳо дар Каракас-пойтахти Венесуэла гирдиҳам омадаанд то дар ташйиъи расмии ҷанозаи Ҳуго Чавеc ба садҳо ҳазор нафар сокинони Венесуэла ҳамроҳ шаванд.

Николас Мадуро раиси ҷумҳури давраи гузор баргузида шудааст. Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар давоми 30 рӯзи оянда баргузор хоҳад шуд.

Мадуро гуфт, ки пайкари Чавеc 7 рӯзи дигар барои видои мардум дар Фарҳангистони низомӣ дар наздикии қасри раёсати ҷумҳурӣ гузошта мешавад.

Дар маросими расмии ташйиъи ҷанозаи Чавес даҳҳо нафар раҳбарони кишварҳои хориҷӣ ширкат мекунанд. Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Эрон ва Александр Лукашенка-раиси ҷумҳури Беларус аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Ҳуго Чавес 58 сол дошт ва аз бемории саратон даргузашт.
XS
SM
MD
LG