Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонибдорони Тимошенко 8 март раҳпаймоӣ карданд


Дар Рӯзи Ҷаҳонии Зан тақрибан 500 нафар дар шаҳри Харкови Украина ба ҷонибдорӣ аз Юлия Тимошенко-нахуствазири пешин ва зиндонии Украина дар назди бемористоне раҳпаймоӣ карданд. Дар ин бемористон Тимошенко муолиҷа мегирад.

Ҷонибдорони Тимошенко дар даст шиорҳо доштанд ва рӯи онҳо навишта шуда буд: “Озодӣ ба Тимошенко”, “Юлия, ид муборак шавад”.

Ширкаткунандагон ҳамчунин иддао карданд, ки аз номи 15 ҳазор нафар ҷонибдорони Тимошенко бо худ номаҳо овардаанд.

Ҳоло Тимошенко дар яке аз бемористонҳои шаҳри Харков аз дарди тахтапушт муолиҷа мегирад.
XS
SM
MD
LG