Пайвандҳои дастрасӣ

Танҳо дар ним соли охир 80 сокини улусволии Калафғонро бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ба дор овехтаанд.

Бино ба хабарҳо, танҳо дар моҳи феврал дар марзи Тоҷикистону Афғонистон бо гурӯҳҳои қочоқбари маводи мухаддир 5 задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифтааст. Марзбонони тоҷик мегӯянд, дар ин 5 задухӯрд 5 қочоқбар ва як марзбон кушта шудаанд. Аммо маъмулан дар марз на “наркобарон”-ҳо, балки онҳо ҷон мебозанд, ки дар ин сӯи Омӯ бо як таъбири русӣ “наркобаран” номашон мебаранд. Чаро ин мардум халтаҳои пури афюну ҳероин ё ҳашиш дар пушт худро ба роҳи хатарноки қочоқи маводи мухаддир меандозанд?

Аз ночорӣ

Дар бештари ҳолот фақру бекорӣ ва ночорист, ки як бахши сокинони улусволии Калафғон дар вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Тахори Афғонистонро ба ин пешаи пурхатар ва гоҳо марговари қочоқи маводи мухаддир ба Тоҷикистони наздику Эрони аз Тахор хеле дур водор мекунад. Рӯзи 23 феврал дар Калафғон 10 мардеро, ки дар Эрон бо ҷурми қочоқ эъдом шуданд, ба хок супурданд. Аҳли ин минтақа мегӯянд, танҳо дар ним соли охир 80 калафғонии дар Эрон эъдомшударо дафн кардаанд.

Ҷамъи сокинони ин улусволӣ, ки ба муддатҳои тӯлонӣ дар Эрон маҳкум ба зиндон шудаанд, то 400 нафар гуфта мешавад. Вале агар дар Эрон, ки аз Калафғон танҳо то марзаш 1000 километр роҳ аст, 400 сокини ин улусволӣ зиндонӣ шудааст, пас метавон фақат ҳадс зад, ки чӣ қадари дигар аз аҳли Калафғон халтаҳои маводи мухаддир дар пушт худро ба рӯди наздиктари Омӯ мезананд ва машғули қочоқи афюну ҳероин ё ҳашиш ба Тоҷикистони бамаротиб наздиктар шаванд.


Дафни ҷанозаи 10 эъдомшудаи ахир мавзӯъи қочоқи маводи мухаддир дар ин гӯшаи шимолушарқии Афғонистонро бармало кард. Садҳо нафар дар он рӯз бо талаби беҳбуди шароити иқтисодӣ ва таъқиби “наркобаронҳо” дар Калафғон эътироз карданд.

"Мақомот ҳам дар ин тиҷорат шариканд"

Яке аз ин 10 тане, ки ахиран дар Эрон ба дор овехтанд, бародари Ҳамидуллоҳ буд. Ӯ мегӯяд, ки бародараш чандин сол дар ҳарду сӯи марзи Тоҷикистону Афғонистон – масири қочоқи панҷяки маводи мухаддири афғонӣ - мардикорӣ мекард, вале рӯзе ба ҷон омаду аз як наркобарони маҳаллӣ кор хост. Дар зарфи ҳамагӣ ду ҳафта тамоми асноди ӯро тахт ва бо ваъдаи таъмини кор ба Эрон роҳиаш карданд, вале ба муҷарради убури марз боздошт шуд: “Қочоқбарон 20-25 ҳазор афғонӣ(ҳудуди 400 доллар) дода, паспорт тахт мекунанд. Баъдаш консулгарии Эрон дар як ҳафта виза ки зад, аз шаб то як кило ҳар кадомаш мехӯраду мераванд ба Эрон.”



Ҳамидуллоҳ мӯътақид аст, ки дар марги бародари ӯ мақомоти маҳаллии Тахор низ саҳм доранд, чунки дар тақсими фоидаҳои қочоқи маводи мухаддир шариканд ва аз қочоқбарон ҳимоят мекунанд: “Пулис аз онҳо ҳимоят ва моро таҳдид кард. Кулли қочоқбаронро медонанд, вале давлат онҳоро намегирад. Зинаҳои болоӣ дар ин кор даст доранд. Аз Карзай хоҳиш мекунем, ки ҷилави инҳоро бигирад.”

"Аз мурда пул талаб карданд"


Як қочоқбари боздоштшудаи афғон

Як қочоқбари боздоштшудаи афғон

Сурия, ки шавҳари ӯро ҳам дар Эрон ба дор овехтанд ва ӯ бо ду тифли хурдсол бева мондааст, низ мегӯяд, мардум маҳз аз дасти фақру бекорӣ ба ин роҳи хатарнок мераванд. Сурия мегӯяд, қочоқбаре, ки шавҳари ӯро ба роҳи марг тела дод, ҳатто баъди эъдоми ӯ ҳам ором нашудааст ва ҳоло пули маводи мухаддири мусодирашудаашро аз ӯ талаб дорад. Сурия мегӯяд, ҳоло ӯ ночор аст, ки низ кори шавҳарашро идома диҳад, вагарна фарзандонашро аз даст хоҳад дод: “Алъон як қочоқӣ бо номи Қорӣ Муҳибуллоҳ омадааст, ки то пули 5 кило маводи манро надиҳед, ман намемонам, ки ҷанозаро дафн кунанд. Давлат чаро пеши роҳи ин қочоқбарони калонро намегирад? Шавҳари маро бероҳа кард, тамоми зиндагиву хонаи маро аз дастам базӯр гирифт. Бо ду тифл овораву дарбадар шудаам. Охир, ман чӣ кунам?”

Кафили волии Тахор Муҳаммадфариди Закӣ мегӯяд, мақомоти Эрон эъдоми дастикам 43 сокини Калафғон дар 6 моҳи ахирро таъйид мекунанд, вале ба назари ӯ, шумори воқеъии ин баргаштабахтон хеле бештар аст. Оқои Закӣ вуҷуди тиҷорати қочоқи маводи мухаддир дар ин қаламравро эътироф мекунад, вале мегӯяд, ин мушкили танҳо Тахор нест: “Яқин дорам, ки ин мавзӯъи нафақат Тахор, балки тамоми Афғонистон бошад. Имрӯз ҷавонони мо вақте ба Эрон ё Афғонистон сафар мекунанд, аз онҳо сӯъиистифода мешавад.”

Матбуоти Афғонистон шумори маҳбусони афғон дар зиндонҳои Эронро ҳудуди 2000 ҳисоб мекунанд. Аксари онҳо бо ҷурми қочоқ зиндонӣ шуда, садҳо тан ба қатл маҳкум шудаанд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, ки аксари маҳбусони афғон дар Эрон ғайриодилона маҳкум шудаанд, чунки ба вакили мудофеъ дастрасӣ надоранд. Вазорати хориҷаи Афғонистон ахиран аз Эрон хост, ки то замони баррасии ин масъала байни ду кишвар аз иҷрои ҳукми эъдоми маҳбусони афғон худдорӣ кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG