Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидбони Ҳуқуқи Башар аз Ҷон Керрӣ хост, ки ба Тошканд фишор биёрад


Вазири умури хориҷии Амрико Ҷон Керру ва вазири умури хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов
Вазири умури хориҷии Амрико Ҷон Керру ва вазири умури хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch аз Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико хостааст, ки барои нақзи ҳуқуқи башар ба Узбакистон фишор орад.

Дар эъломияе, ки рӯзи панҷшанбе дар Ню-Йорк дар мақарри Human Rights Watch пахш гардид, аз Ҷон Керрӣ даъват кардаанд, ки ба таври ошкоро ба Узбкистон бигӯяд, ки вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар бадтар мешавад. Қарор аст Ҷон Керрӣ 12-уми март дар Вашингтон бо Абдуазиз Комилов-вазири корҳои хориҷаи Узбакистон мулоқот кунад.

Боздиди ҳайати намояндагии Узбакистон аз Вашингтон дар ҳоле сурат мегирад, ки вақтҳои ахир кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико роҷеъ ба ҳамкориҳои низомӣ бо Узбакистон гуфтушунудҳои худро идома медиҳанд ва то ҷое тавофуқот ба даст омадааст. Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо мехоҳанд Тошкандро ба ҳамкорӣ даъват кунанд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, Тошканд мехоҳад дархост кунад, ки Амрико аз нақзи ҳуқуқи башар дар Узбакистон чашм пӯшад. Дар он сурат Узбакистон ба нируҳои Амрико иҷоза хоҳад дод, ки ҳангоми хуруҷ аз Афғонистон аз қаламрави Узбакистон истифода кунанд. Хуруҷи нируҳои Амрико ва кишварҳои дигари узви паймони НАТО аз Афғонистон қисман ҳамин сол ва асосан соли оянда сурат мегирад.

Бино ба гузоришҳои Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch, мақомоти расмии Узбакистон ҳамчунон ҳуқуқи башарро поймол мекунад. Дар ин кишвар ба фаъолони ҳуқуқи башар, раҳбарони нируҳои сиёсии мухолиф ва ба рӯзноманигорон фишор меоранд.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:54 0:00
Линки мустақим


Аз соли 2004 ба ин сӯ Конгресси Амрико барои вазъи бади ҳуқуқи башар дар Узбакистон, аз ҷумла барои шиканҷаҳои доимӣ ва ба зиндон андохтани фаъолони ҳуқуқи башар кӯмакҳои Амрико ба Узбакистонро маҳдуд кард. Дар соли 2005 баъд аз ҳодисаҳои хунини Андиҷон, ки нируҳои ҳукуматӣ ба сӯи эътирозгарони майдон оташ кушоданд ва садҳо нафар, аз ҷумла тазоҳуркунандагони сулҳҷӯро куштанд, Вашингтон кӯмакҳоро ба Узбакистон маҳдудтар кард.

Аммо моҳи январи соли 2012 давлати Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико аз намояндагони Конгресс хост, ки таҳримҳоро сабуктар кунанд ва барои кӯмакҳои низомӣ ба Узбакистон иҷоза диҳанд. Баъд аз он, бо назардошти вазъи ҳуқуқи башар дар Узбакистон, Human Rights Watch аз ин тасмими Амрико амиқан изҳори нигаронӣ кард.

Вазорати дифои Британия низ моҳи феврал эълон кард, ки бо Тошканд ба тавофуқ расидаанд ва ин кишвар техникаву таҷҳизоти низомии худро ҳангоми хуруҷ аз Афғонистон ба Узбакистон ҳадя мекунад.
XS
SM
MD
LG