Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости HRW аз Ҷон Керрӣ дар мавриди Узбакистон


Ҷон Керрӣ
Ҷон Керрӣ
Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watchаз Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико хостааст, ки барои нақзи ҳуқуқи башар ба Узбакистон фишор орад.

Дар эъломияе, ки рӯзи панҷшанбе дар Нию Йорк дар мақарри Human Rights Watch пахш гардид, аз Ҷон Керрӣ даъват кардаанд, ки ба таври ошкоро ба Узбкистон изҳори нигаронӣ кунад ва бигӯяд, ки вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар бадтар мешавад.

Қарор аст Ҷон Керрӣ 12 март дар Вашингтон бо Абдуазиз Комилов-вазири корҳои хориҷаи Узбакистон мулоқот кунад.
XS
SM
MD
LG