Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳавопаймои Петербург-Душанбе дар Хуҷанд фуруд омад


Муҳаммадюсуф Шодиев-сухангӯи фурудгоҳи Душанбе ба радиои Озодӣ гуфт, ба сабаби бориши барфи зиёд 8 март ҳавопаймои парвози Санкт Петербург-Душанбе дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд ба замин нишастааст.

Сухангӯи фурудгоҳи Душанбе гуфт, бо вуҷуди омода будани фурудгоҳ барои қабули парвозҳо абри ғафсу тира фуруди ҳавопаймо дар Душанберо мушкил кардааст.
Ҳоло хатҳои парвози фурудгоҳи Душанбе ба муқаррароти парвоз мутобиқат мекунад ва парвозҳо тибқи нақша идома дорад.

Зимнан ба иттилои фурудгоҳи Душанбе, парвози Машҳад-Душанбе бар асари бориши барфи шадид дар Эрон ҳанӯз сурат нагирифтааст. Ҳавопаймои ин хатти сайр мебоист дирӯз мусофирониро ба Душанбе меовард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG