Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чавес "Ленини даврони мо" хоҳад шуд


Тобути Чавес дар иҳотаи тарафдоронаш
Тобути Чавес дар иҳотаи тарафдоронаш

Раҳбари муваққати Венесуэла гуфт, ҷасади Ҳуго Чавесро “мисли Ленин” ҳифз хоҳанд кард ва дар дохили як мақбараи шишагин хоҳанд гузошт.

Кафили раёсати ин ҷумҳурии Амрикои Лотинӣ Николас Мадуро ҳамчунин гуфт, ҷасади раҳбари фақиди Венесуэларо 7 рӯзи дигар дар сохтмони академияи низомӣ дар наздикии Кохи раёсатҷумҳурӣ дар мазҳари омм мегузоранд. Ин эълонҳо дар ҳолест, ки рӯзи ҷумъа маросими дафни Чавес доир мешавад. Интизор меравад, дар ин маросим даҳҳо раҳбари дунё, аз ҷумла руасои ҷумҳуриҳои Эрону Беларус Маҳмуди Аҳмадинажод ва Аляксандр Лукашенка ширкат кунанд.

Ҳуго Чавеси сотсиалист 14 сол бар Венесуэла, ин кишвари саршор аз манобеъи нафту гази Амрико Лотинӣ ҳукумат ронд. Мақомоти Каракас рӯзи сешанбе эълон карданд, ки Чавес баъди ду соли набард бо саратон дар синни 58 даргузашт. Ӯ аз 11 декабр, аз замони ҷарроҳии чоруми саратонаш дар Куба дар мазҳари омм зоҳир нашуда буд.


Ленин дар Мавзолейи Маскав
Ленин дар Мавзолейи Маскав
Николас Мадуро гуфт, тибқи барнома, ҷасади Чавесро балзам карда, монанди раҳбарони фақиди Ветнаму Иттиҳоди Шӯравӣ ва Чин Ҳо Шӣ Мин, Владимир Ленин ва Мао Зедун “то абад” дар маърази намоиш мегузоранд: “Ман мехоҳам ба мардум ва ҷаҳон бигӯям: Қарор шуд, ки ҷасади фармондеҳ(лақаби Чавес-Озодӣ)-ро балзам кунанд, ки то абад дар осорхона барои зиёрати мардум боқӣ бимонад. Монанди Ҳо Шӣ Мин, монанди Ленин ва монанди Мао Зедун. Ҷасади фармондеҳи аршади моро дар осорхонаи инқилоб балзам карда, дар зери шиша мегузоранд, то ки мардуми мо битавонад ҳузури ӯро ҳамеша эҳсос кунад.”

Ба ҷуз аз он 3 раҳбари фақиде ки Мадуро ном бурд, аҷсоди ду раҳбари фақиди Кореяи шимолӣ – падару писар Ким Ир Сен ва Ким Чен Ирро низ баъди маргашон балзам карда, дар мақбараҳои вижаи пуршукӯҳ дар мазҳари омм гузоштаанд.

Диосдадо Кабелло – раиси Маҷлиси миллии Венесуэла гуфт, Мадуро, ки дар аҳди Чавес ноиби президент буд, ҳамин рӯзи ҷумъа ба ҳайси кафили раёсати ин ҷумҳурӣ адои савганд карда, ба дунбол интихоботи нави президентиро бояд даъват кунад. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки интихоботи ҷадид оё кай доир хоҳад шуд. Ҳуго Чавес дар интихоботи моҳи октябр ба давраи нави чорсолаи раёсат даст ёфта буд, вале ба иллати маризӣ натавонист моҳи январ барои адои савгандаш аз Куба ба Каракас баргардад.Ӯ қабл аз рафтанаш барои табобат Мадуроро вориси худ ном бурд.

Амрико, ки бо Чавес равобити танишолуд дошт, гуфт, дар маросими дафни ӯ кордори сафораташ дар Венесуэла, як вакили кунуниву як вакили собиқи Конгресс ширкат мекунанд.Ҳамагӣ чанд соат пеш аз эълони даргузашти Чавес, Николас Мадуро ду дипломати Амрикоро ба далели даст доштан дар тавтиъаҳои эҳтимолӣ аз кишвар ихроҷ кард.

Мадуро ҳамчунин ҳадс зад, ки маризии саратон, ки Чавесро кушт, шояд аз сӯи душманонаш амдан сироят шудааст. Раҳбари Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод низ айни тахминро зада, дар номаи таслияташ изҳори итминон кардааст, ки Чавес дар оянда ҳамроҳи Исои Масеҳ ва Имом Маҳдӣ “барои истиқрори сулҳу адолат” бар хоҳад гашт. Ин изҳороти Аҳмадинажод ба мавҷи интиқоди рӯҳониёни эронӣ дучор шудааст. Оятуллоҳ Саййид Аҳмад Хотамӣ, имоми намози рӯзи ҷумъаи Теҳрон гуфтааст, гуфтаҳои раисиҷумҳур "муболиға" буд ва ӯ набояд номаи таслияташро бо баёнияҳои ақидатӣ омехта мекард. Оятуллоҳ Хотамӣ гуфтааст, ин ҳарфҳои Аҳмадинажод мояи вокуниши шадиди шахсиятҳои рӯҳонӣ шудааст ва онҳо аз раисиҷумҳур хостаанд, аз барангехтани "танишҳо" дар оянда худдорӣ кунад.



Чавес бо Аҳмадинажод
Чавес бо Аҳмадинажод
Чавес, ки як мунтақиди ҳамешагии сиёсатҳои Амрико буд, бо кишварҳое, чун Русияву Эрон ва Беларус иттиҳод меҷуст. Давлати ӯ барои нирӯҳои мусаллаҳаш аз Русия таслиҳоти зиёд харида, дар амри истихроҷи нафт аз конҳои Венесуэла, ки узви ОПЕК аст ва соҳиби яке аз бузургтарин захираҳои дунё ба ҳисоб меравад, низ бо ширкатҳои Русия ҳамкорӣ мекард.

Сарҳанги собиқ Ҳуго Чавес бахусус дар байни мардуми фақири Венесуэла ҳимояти зиёд дошт. Аз ҷумла ба маҳзи ин ки давлати ӯ маблағҳои бузурги аз фурӯши нафт бадастомадаро барои барномаҳои тандурустиву маориф сарф мекард.



Аҳмадинажод дар расми видоъ бо Ҳуго Чавес
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:43 0:00

Аммо ҳомиёни ҳуқуқи башар ва озодии матбуот ҳукумати Чавесро барои таъқиби мунтақидони давлат интиқод мекарданд. Гурӯҳҳои тиҷорӣ ӯро айбдор мекарданд, ки сармоягузоронро мегурезонад ва бо мусодираву давлатӣ кардани корхонаҳо иқтисодро ба варта тела медиҳад. Мунтақидон ҳамчунин мегуфтанд, ки дар аҳди Чавес мизони ҷиноёт дар Венесуэла ба шиддат боло рафта, бюрократия ва фасод ба авҷи аълояш расидааст.
XS
SM
MD
LG