Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кобул аз Эрон хост, ки аз эъдоми афғонҳо худдорӣ кунад


Давлати Афғонистон ба таври расмӣ хостори тавқифи эъдоми афғонҳо дар Эрон шуд.

Зулмай Расул, вазири умури хориҷии Афғонистон аз тариқи сафорати Эрон дар Кобул, ба ҳамтои эрониаш Алиакбар Солеҳӣ нома фиристодааст.

Аҳмадзиё Сиёмаки Ҳиравӣ, аз сухангӯёни вазорати умури хориҷии Афғонистон дар сӯҳбат ба "Озодӣ" дар мавриди ҷузъиёти ин нома гуфтааст: «Дар ин нома хоста шудааст, то ҳар чӣ зудтар эъдоми афғонҳо дар Эрон мутаваққиф шавад. Аз Эрон ҳамчунон дархост шудаааст, то заминаи сафари қозиюлқуззоти Афғонистон ба Эронро фароҳам бисозад, то ҳарчи зудтар ҳайъати Афғонистон ба хотири гуфтугӯ бо мақомҳои додгоҳии Эрон ба он кишвар сафар кунад.»

Гуфта шудааст, ки то ба ҳол вазири умури хориҷии Эрон ба ин нома посух надодааст. Аммо ба гуфтаи мақомҳои вазорати умури хориҷии Афғонистон, вазири умури хориҷии Эрон чанде пеш дар дидор бо Зулмай Расул дар Вена ваъда додааст, ки аз раиси қувваи қазоияи кишвараш мехоҳад, то иҷрои ҳукми эъдоми афғонҳоро бекор намояд.

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Афғонистон мегӯяд, қозиюлқуззоти Афғонистон бо мақомоти додгоҳии Эрон дар мавзӯъҳои мушаххас суҳбат хоҳад кард. То ҳанӯз маълум нест дидори мақомҳои қазоии Афғонистон ва Эрон чӣ вақт сурат хоҳад гирифт.

Идомаи эъдоми афғонҳо дар Эрон сабаби он шудааст, ки ниҳодҳои мудофеи ҳуқуқи башар дар дохил ва хориҷи Афғонистон аз Эрон интиқод кунанд. Созмони Дидбони ҳуқуқи башар ахиран эъдоми афғонҳо дар Эронро хилофи қонунҳои байналмилалӣ донист. Ин созмон аз ҳукумати Эрон хост, иҷрои ҳукми эъдом алайҳи афғонҳоро бекор намояд.

Ба гуфтаи мудофеони ҳуқуқи башар, аксарияти зиндониёни афғон дар Эрон, бидуни доштани вакили дифоъ ба таври ғайри одилона муҳокима шуда ва ба эъдом маҳкум мешаванд. Иддаое, ки аз сӯи Эрон рад мешавад.

Эрон баъди Чин аз лиҳози эъдоми маҳкумин дар ҷаҳон дувум ном бурда мешавад. Мақомоти Теҳрон дар робита ба эъдомҳо оморе нашр намекунанд, вале ба ҳисоби Афви байналмилалӣ, дар соли 2011 дар Эрон ҳудуди 600 нафарро қатл кардаанд, ки назар ба 253 мавриди эъдоми соли 2010 беш аз 2 маротиба зиёдтар аст.

Бо ин ҳол, мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар бораи шумори маҳбусони афғон дар зиндонҳои Эрон ва инки оё чӣ теъдоде аз афғонҳо дар Ҷумҳурии исломӣ маҳкум ба қатл шудаву чанд тан аз онҳо эъдом шудаанд, иттилоъи мувассақе дар даст надоранд. Як ҳадаф аз сафари қозиюлқуззоти Афғонистон ба Теҳрон низ ба даст овардани чунин иттилоъ гуфта мешавад. Аммо зоҳиран афғонҳо дар Эрон асосан бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ҳукми қатл мегиранд.
XS
SM
MD
LG