Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Домоди Усома бин Лодинро боздошт карданд


Мақомоти Амрико эълон кардаанд, ки Сулаймон Буғайс-домоди Усома бин Лодинро боздошт кардаанд. Вай замоне сухангӯи Ал Қоида буд. Интизор меравад, ки Сулаймон Буғайс баъд аз боздошт рӯзи ҷумъа дар Нию Йорк барои ширкат дар аъмоли террористӣ дар додгоҳ ба саволҳо ҷавоб диҳад.

Бино ба гузоришҳо, Буғайсро баъд аз боздошт дар Туркия дар Урдун ба зиндон андохтанд ва аз он ҷо ба Нию Йорк интиқол доданд.

Вазорати адлияи Амрико мегӯяд, Буғайс барои нақшаҳои куштори “шаҳрвандони Амрико” муттаҳам дониста мешавад.

Буғайс тақрибан 47 сол дорад ва дар Кувайт ба дунё омадааст. Вай дар наворҳои видеоии рабудани ҳавопаймоҳо ва ҳамлаи 11 сентябри соли 2001 ба марказҳои тиҷоратии Амрико низ дида мешавад.
XS
SM
MD
LG