Пайвандҳои дастрасӣ

Задухӯрди уйғурҳову чиноиҳо дар Шинҷон чанд кушта барҷой гузошт


Бино ба гузоришҳо, дар минтақаи Шинҷони Чин дар задухӯрди қавмии миёни уйғурҳо ва чиноиҳо чанд нафар кушта шудаанд. Радиои Осиёи Озод аз номи шоҳидони айнӣ мегӯяд, пулиси маҳаллӣ баъд аз задухӯрдҳои рӯзи панҷшанбе дар маҳалли бозиҳои видеоӣ тадобири амниятиро дар шаҳри Куйерле тақвият додааст.

Дар гузоришҳо аз қавли як афсари пулис омадааст, ки баъд аз ҳамлаи як ё чанд уйғур ба чиноиҳо шумораи номаълуми одамон кушта шудаанд. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки дар миёни кушташудагон ҳам уйғурҳо ва ҳам чиноиҳо ҳастанд.

Уйғурҳо мусулмонанд ва 40 дарсади аҳолии минтақаи Шинҷонро ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG