Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавои номусоид масири парвозро тағйир дод


Бинобар ҳавои номусоид дар пойтахти Тоҷикистон, як ҳавопаймои хаттсайри Санкт Петербург–Душанбе, ночор дар Хуҷанд фуруд омадааст.

Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе субҳи имрӯз, 8-уми март дар суҳбат ба "Озодӣ" гуфт, ба далели номусоидии боду ҳаво, ин ҳавопаймо ночор дар Фурудгоҳи Хуҷанд фуруд омадааст. Субҳи имрӯз шаҳри Душанберо боришоти барф, шамоли сахт ва туман фаро гирифта буд.

Муҳаммадюсуф Шодиев гуфт, сарфи назар аз бориши шадиди барф, Фурудгоҳи Душанбе омодаи қабули парвозҳо мебошад, вале номусоидии ҳаво ва абри ғафс ҳаворо тира карда барои халабонҳо мушкили бинишро эҷод кардааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Шодиев, шароити парвоз дар фурудгоҳ таҳти назорат аст ва парвозҳо тибқи ҷадвал аз сар гирифта мешаванд.

Зимнан, ба иттилои Фурудгоҳи Душанбе, парвоз дар хаттсайри Машҳад- Душанбе бар асари бориши барфи шадид дар Эрон, ҳанӯз сурат нагирифтааст. Қарор буд ҳавопаймои ин хаттсайр дирӯз мусофиронро ба Душанбе интиқол медод

Ба иттилои Идораи обуҳавосанҷии Тоҷикистон, бориши барфи то рӯзи шанбе идома хоҳад кард ва ҳаво сарду номусоид боқӣ хоҳад монд. Маркази ҳавошиносии кишвар ба радиои «Озодӣ» гуфт, рӯзҳои 8 ва 9 март ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон сард мешавад ва ба эҳтимоли зиёд барф меборад. Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, бориши барф баъди 9 март қатъ мегардад ва дар рӯзҳои минбаъда ҳарорати ҳаво 12-14 дараҷа гарм хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG