Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз дар Тоҷикистон барои чаҳорумин бор “Рӯзи модар” таҷлил мешавад.

Дар гузашта 8-уми март ҳамчун Рӯзи байнулмилалии озодии занон ва яке аз идҳои меросии замони Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд ва аз соли 2009 бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, номи "Рӯзи Модар"-ро гирифт. Дар тақвимҳои тоҷикӣ, рӯзи 8-уми март бо хати сурх нишон дода шуда, дар кишвар рӯзи таътил аст.

Ба ин муносибат раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи панҷшанбе зимни мулоқот бо занони фаъоли кишвар, ки дар Кохи Борбад баргузор шуд, ин рӯзро ба модарон табрик гуфт ва онҳоро “нерӯи пешбарандаи ҷомеа” номид.

49,5 дарсад аз 8 миллион аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд, вале танҳо 30 дарсад аз мақомҳои раҳбарии ин кишвар дар дасти занҳо будааст. Бино ба омори расмӣ, маоши миёнаи занон дар Тоҷикистон зери 317 сомонист, ки нисбат ба 644 сомонӣ маоши миёнаи мардон 2 маротиба камтар аст.

То моҳи марти соли 2009, 8-уми мартро дар Тоҷикистон ба унвони “Рӯзи озодии занон” ё “Рӯзи байнулмилалии занон”, ки аз Шӯравӣ ба мерос монда буд, таҷлил мекарданд. Аммо 6-уми марти соли 2009 Эмомалӣ Раҳмон ҳаштуми мартро рӯзи модарон эълон кард ва гуфт, ки ин иқдом “бо ҳадафи бузургдошти зан-модар ва офарандаи ҳаёт” гирифта шудааст.

Ин пешниҳоди раиси ҷумҳур дар моҳи апрели соли 2009 низ баҳсҳоеро миёни намояндагони мардумӣ дар Маҷлиси Намояндагон ба по кард. Вале бо бештари раъйи вакилон аз Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ қонун "Дар бораи ҷашнҳои миллӣ" ислоҳ шуд ва унвони "Рӯзи байналмиллалии занон" дар ин кишвар ба "Рӯзи модар" табдил ёфт. Аммо баъзе нируҳои сиёсӣ бо он розӣ нестанд ва мегӯянд, решаҳои Рӯзи байналмиллалии занон аз ҷои дигар сарчашма мегирад ва бо рӯзи модар иртибот надорад.

Рӯзи ҳаштуми март дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ба унвони Рӯзи байнулмилалии зан ҷашн гирифта мешавад. Дуруст 102 сол пеш, зане бо номи Клара Цеткин, ки он вақт раҳбари бахши занон дар Ҳизби Сотсиал-Демократи Олмон буд, дар дуввумин конфронси байналмиллалии занони коргар дар Копенгаген пешниҳод кард, ки 8-уми март “Рӯзи занон” эълон шавад.

Ин бад-он хотир буд, ки занон битавонанд хостҳои худро дар ин рӯз матраҳ кунанд. Дар ин конфронс 100 зан аз 17 кишвар ширкат доштанд. Онҳо пешниҳоди Клара Цеткинро пазируфтанд ва 8-уми мартро Рӯзи Байналмиллалии Зан эълон карданд. Кишварҳои ҷаҳон тадриҷан ин рӯзро ба расимят шинохтанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG