Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кореяи шимолӣ Амрикоро ба ҳамлаи пешдастона таҳдид кард


Кореяи шимолӣ рӯзи панҷшанбе Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро таҳдид ба ҳамлаи «пешдастона» кард.

Дар ҳамин рӯз дар посух ба саввумин озомиши атомии Кореяи шимолӣ, Шӯрои амнияти СММ бо иттифоқи оро, аз таҳримҳои шадидтар алайҳи ин кишвар пуштибонӣ намуд.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, Сафири Амрико дар СММ Сюзан Райс гуфт, таҳримот “газанда” буда, Пхенянро дар инзивои бештар қарор хоҳад дод. Ӯ афзуд, Пхенян бо таҳдиду иғво “ба чизе ноил нахоҳад шуд.” Сафири Чин дар СММ низ таъкид кард, ки Пекин хостори “иҷрои комил”-и қатъномаи нави Шӯрои амният аст.

Як сухангӯи вазорати умури хориҷии Кореняи Шимолӣ рӯзи панҷшанбе гуфт, ин кишвар инро ҳаққи худ медонад, ки “ба мақари таҷовузгарон ҳамлаи пешдастонаи атомӣ бикунад”, зеро ки Вошингтон дар пайи оғози як ҷанги атомӣ алайҳи Кореяи шимолӣ аст. Сухангӯи Кохи Сафед Ҷей Карнӣ гуфт, Амрико қодир ҳаст, ки худро аз мушакҳои раҳбурдии Пхенян дифоъ кунад.

Қатъномае, ки Чину Амрико таҳия кардаанд, маҳкумияти байналмилалӣ аз озмоишҳои ҳастаиву мушакии Пхенянро мунъакис мекунад. Ҳадафи таҳримот мушкилтар сохтани маблағгузорӣ ва таъмини мавод барои барномаҳои таслиҳотии Кореяи шимолист. Чин – муттаҳиди содиқи Пхенян – гуфт, “иҷрои комил”-и таҳримот, коҳиши танишҳо ва бозгашт ба роҳҳои дипломатии ҳалли қазияро мехоҳад.

Ҳамлаи пешдастона дар равобити байналмилалӣ ба ин маъност, ки кишваре ба хотири таҳдиди “фаврӣ” аз ҷониби душман, ба кишвари дигаре ҳамла мекунад. Ин навъ иқдоми низомӣ бо ҳамлаи пешгирона ё боздоранда, ки дар он таҳдиди “фаврӣ” вуҷуд надорад, фарқ мекунад.

Кореяи Шимолӣ аз таҳримҳои Шӯрои амният ва машқҳои низомии Амрико дар Кореяи ҷанубӣ хашмгин аст. Кореяи шимолӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Ҷопон, Русия ва Амрико аъзои гуруҳи шашҷонибае ҳастанд, ки музокироташон аз муддатҳо пеш ба бунбаст рӯбарӯ шудааст.
XS
SM
MD
LG