Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президентҳо барои видоъ бо Чавес мераванд


Имрӯз дар Каракас маросими дафни раисиҷумҳури Венесуэла Ҳуго Чавес доир мешавад. Тобути бо парчами миллии Венесуэла печондаи Чавесро дар Академияи низомӣ гузоштаанд ва садҳо ҳазор азодор бо нияти видоъ ба Каракас мерезанд. Раҳбарони Уругвай, Аргентина ва Боливия алакай дирӯз бо Чавес видоъ гуфтанд. Раҳбари собиқу кунунии Бразилия ва раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар роҳ ба Каракас қарор доранд. Интизор меравад, дар ин маросими дафн раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенка ҳам ширкат кунад. Чавес, ки 14 сол бар Венесуэла ҳукм ронд, баъди ду соли набард бо саратон рӯзи сешанбе даргузашт. Амрико гуфтааст, барои видоъ бо Чавес як ҳайъати хурдро мефиристад.
XS
SM
MD
LG