Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоманаӣ: Ғарб гузаште ба Эрон пешниҳод накард


Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ
Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ
Раҳбари рӯҳонии Эрон аз Ғарб интиқод кард, ки дар музокироти ҳастаии ҳафтаи гузашта гузаштҳоеро пешниҳод накардааст. Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, ки ҳарфи ниҳоӣ дар масоили давлатии Эрон бо ӯст, гуфт, Ғарб масоили ҳастаиро ҳамчун баҳонаи эъмоли таҳримот истифода мебарад. Ин нахустин вокуниши Хоманаӣ дар мазҳари омм ба нишасти Алма-Ато байни Эрону Амрикову Чин, Русияву Бритониё ва Фаронсаву Олмон буд. Ӯ афзуд, Теҳрон аҳдофи кишварҳои Ғарбро дар музокираҳои оянда қазоват хоҳад кард. Эрон мегӯяд, барномаи ҳастаияш сулҳомез аст, вале дар Ғарб гумон доранд, ки Эрон силоҳи ҳастаӣ сохтан мехоҳад.
XS
SM
MD
LG