Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истирдоди гумонбар ба қатли як тоҷик аз Бритониё


Бахши Интерпол дар Санкт-Петербурги Русия ба истирдоди Максим Винтскевичи 31-сола аз Бритониё ноил шудааст. Сомонаи маҳаллии “Фонтанка” мегӯяд, ин нахустин мавриди истирдоди як гумонбар аз Бритониё ба Русия аст. Винтскевич, ки ба қатли шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон Фарҳод Зайдуллоев дар таърихи 5 июли соли 2005 айбдор мешуд, дар тӯли беш аз 7 сол дар фирор ба сар мебурд. Винтскевичро моҳи августи соли 2012 бо дархости пулиси Русия дар Бритониё дастгир карданд.
XS
SM
MD
LG