Пайвандҳои дастрасӣ

Булғористону Руминия ба Шенген боз роҳ наёфтанд


ИА раъйгирии мавзӯъи пайвастани Булғористону Руминия ба минтақаи Шенгенро ба қафо андохт. ИА дар пайи нишасти вазирони адлияву умури дохилааш дар Брюссел гуфт, ба ин масъала дар поёни соли ҷорӣ бар хоҳад гашт. Олмон ҳафтаи гузашта ҳушдор дод, ки агар Булғористону Руминия ба раъйгирӣ дар нишасти Брюссел исрор варзанд, ба пайвастани онҳо ба Шенген вето хоҳад гузошт. Ҳар навъ густариши минтақаи Шенген ба иттифоқи оро зарурат дорад. Ҳарду кишвар куллия талаботи фаннии узвиятро ҳанӯз дар соли 2011 иҷро карданд, вале нигарониҳо дар бораи нокомии онҳо дар мубориза бо фасод ва ҷиноёти созмонёфта чанд бор аст, ки монеъи пазируфтани Булғористону Руминия ба узвият дар минтақаи Шенген мешавад.
XS
SM
MD
LG