Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Як навори рӯзи панҷшанбе нашршуда дар Интернет зоҳиран бархе аз 21 сарбози филиппинӣ аз нирӯҳои ҳомии сулҳи СММ-ро намоиш медиҳад, ки рӯзе пеш дар теппаҳои Ҷӯлон дар марзи Сурияву Исроил аз сӯи чирикиҳои Сурия асир гирифта шуданд. Яке аз сарбозон дар ин видео мегӯяд, ки онҳо ҳама дар амн ва таҳти муроқибат қарор доранд. Дар наворе, ки Дидбони ҳуқуқи башари Сурия нашр кард, 6 узви нирӯҳои нозир ва як афсар, ки худро аз баталёни филиппинии СММ меномад, зоҳир мешаванд. Филиппин гаравгонгирӣ дар Ҷӯлонро шадидан маҳкум ва раҳоии билофосилаи асиронро талаб кард. Вазорати хориҷаи Филиппин гуфт, музокирот ба хотири раҳоии сарбозон идома дорад. Нозирони СММ аз соли 1974 дар теппаҳои Ҷӯлон ба хотири назорати оташбаси байни Исроил ва Сурия мустақар шудаанд.
XS
SM
MD
LG