Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуго Чавесро имрӯз ба хок месупоранд


Чавес
Чавес
Имрӯз дар Каракас маросими дафни раисиҷумҳури Венесуэла Ҳуго Чавес доир мешавад. Чавес рӯзи сешанбе, баъди ду соли мубориза бо бемории саратон, даргузашт. Ӯ аз моҳи декабр, аз замони ҷарроҳи чоруми сараташон дар Куба дар мазҳари омм зоҳир нашуд. Дар Венесуэла барои даргузашти Чавес 7 рӯзи мотам эълон кардаанд. Раисиҷумҳури худкомаи Беларус Аляксандр Лукашенка, ки бо давлати Чавес равобити наздик дошт, дар кишвараш ба ёди ӯ 3 рӯзи мотам эълон кардаааст. Лукашенка танҳо раҳбари пасошӯравист, ки барои ширкат дар маросими дафни Чавес ба Каракас меравад.
XS
SM
MD
LG