Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зардорӣ боз ба Эрон сафар мекунад


Зардорӣ дар дидор бо сарони Эрон дар Теҳрон. 27.02.2013
Зардорӣ дар дидор бо сарони Эрон дар Теҳрон. 27.02.2013
Раисиҷумҳури Покистон Осифалӣ Зардорӣ рӯзи душанбе ба хотири ширкат дар расми гузоштани хишти аввали сохтмони лӯлаи гази 780- километрӣ байни ду кишвар ба Эрон сафар хоҳад кард. Ин боздиди дувуми Зардорӣ аз Эрон аз 27 феврал ба ин сӯст. Ин тарҳ мояи афзоиши нигаронии кишварҳое шудааст, ки алайҳи Эрон ба маҳзи барномаи ҳастаияш таҳримот ҷорӣ кардаанд. Мақомоти Покистон дар посух мегӯянд, ки кишварашон ба манобеъи энержӣ сахт ниёз дорад. Эрон барои сохтани бахши покистонии ин лӯлаи газ, ки ҳазинааш 1,5 миллиард доллар баровард мешавад, ним миллиард доллар ба сурати қарз пешниҳод кардааст.
XS
SM
MD
LG