Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сербҳо дурӯғ мегуфтанд ки:Косово аз мост"


Ивитса Дачич
Ивитса Дачич
Сарвазири Сербистон Ивитса Дачич гуфт, сербҳо дурӯғ мегӯянд, ки “Косово аз мост.” Дачич дар як мақолаи бахшида ба солгарди даҳуми қатли сарвазири собиқи Сербистон Зоран Ҷинҷич, ки дар ҳафтавори сербии "NIN" нашр шуд, гуфтааст, “ин афсонаи кӯҳна ва дурӯғи кӯҳна буд, ки мегуфтем: Косово аз мост... На президенти Сербистон ба Косово рафта метавонад, на сарвазир, на вазирон, на пулис ё артиш. Сербҳо метавонанд фақат тарки Косово кунанд.” Сербистон эълони истиқлоли Косовои умдатан албанинишин дар соли 2008-ро қабул надорад. Дачич ҳоло раҳбари ҳайъати Белград дар музокирот бо миёнҷигии ИА-ст, ки оддӣ сохтани равобити Белград бо Приштинаро ба ҳадаф дорад.
XS
SM
MD
LG