Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳримоти наву сангин алайҳи Кореяи шимолӣ


Раъйгирӣ дар Шӯрои Амният

Раъйгирӣ дар Шӯрои Амният

Шӯрои Амнияти СММ аз эъмоли таҳримоти наву шадидтар ба хотири муҷозоти Кореяи шимолӣ барои озмоиши ахири ҳастаияш бо иттифоқи оро пуштибонӣ кард. Қатъномае, ки Чину Амрико таҳия кардаанд, маҳкумияти байналмилалӣ аз озмоишҳои ҳастаиву мушакии Пхенянро мунбакис мекунад. Ҳадафи таҳримот мушкилтар сохтани маблағгузорӣ ва таъмини мавод барои барномаҳои таслиҳотии Кореяи шимолист. Сафири Амрико дар СММ Сюзан Райс гуфт, таҳримот “газанда” буда, Пхенянро дар инзивоъи бештар қарор хоҳад дод. Ӯ афзуд, Пхенян бо таҳдиду иғво “ба чизе ноил нахоҳад шуд.” Ин дар посух ба таҳдиди пештари Кореяи шимолист, ки гуфт, алайҳи Амрико зарбаи ҳастаии “пешгирикунанда” хоҳад зад. Сухангӯи Кохи Сафед Ҷей Карнӣ гуфт, Амрико қодир ҳаст, ки худро аз мушакҳои раҳбурдии Пхенян дифоъ кунад.Чин – муттаҳиди содиқи Пхенян – гуфт, “иҷрои комил”-и таҳримот, коҳиши танишҳо ва бозгашт ба роҳҳои дипломатии ҳалли қазияро мехоҳад.
XS
SM
MD
LG