Пайвандҳои дастрасӣ

Изҳори нигаронии Р.Зойиров аз таъқиби мақомот


Раҳматуллоҳ Зойиров

Раҳматуллоҳ Зойиров

Раҳбари ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматуллоҳ Зойиров аз афзоиши таъқиби ӯву наздиконаш изҳори нигаронӣ кардааст. Дар изҳороти оқои Зойиров, ки “Азия Плюс” нашр кард, гуфта мешавад, ки мақомоти интизомӣ аз онҳое, ки ӯро медонанд, талаб мекунанд, ки алайҳаш баёнот диҳанд. Ҳамзамон дар мақолае, ки хабаргузории давлатии "Ховар" нашр кардааст, ҳушдор садо медиҳад, ки бархе аз суханони Зойиров пайомадҳои ҳуқуқӣ дошта метавонанд. Раҳбари ҳизби мухолифи сотсиал-демократ ин таъқиботро ба талошҳояш дар чорчӯби эътилофи аҳзобу созмонҳо барои ислоҳи қонуни интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ва пешбарии ӯ ба ҳайси номзади ягонаи мухолифин аз ҷониби созмони сабтиномнашудаи Ҷунбиши миллӣ рабт додааст. Дар моҳи феврал муовини Зойиров дар ҳизби сотсиал-демократ Шокирҷон Ҳакимов низ тавассути телефон таҳдид шуда буд.
XS
SM
MD
LG