Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Ширкати “Барқи Тоҷик” эълон кард, ки аз 7 март лимити барқ дар саросари кишварро лағв кардааст. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 7 март дар ҷаласаи бахшида ба Рӯзи Модар аз ин ширкат тақозо кард, ки лимити барқро бардорад. Лимити барқ дар Тоҷикистон маъмулан аз моҳи октябр то поёни апрел идома мекард ва дар ин муддат ба манотиқи рустоӣ дар шабонарӯз ҳамагӣ 5-6 соат барқ медоданд. Ин бори аввал аст, ки лимити барқ дар Тоҷикистон алакай дар оғози моҳи март лағв мешавад. “Барқи Тоҷик” ҳанӯз дар 25 феврал лимити барқро то 12 соат дар шабонарӯз коҳиш дод ва аз 5 март соъоти тавзеъи барқро ба 18 соат дар шабонарӯз расонд. Тоҷикистон ҳар фасли сармо тақрибан 3 миллиард киловатт-соат камбуди нирӯи барқ дорад.
XS
SM
MD
LG