Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақоми 114-уми риштаи сайёҳии Тоҷикистон


Кӯҳистони Помир - ҷаззобтарин нуқтаи тамошо дар Тоҷикистон барои сайёҳони хориҷӣ

Кӯҳистони Помир - ҷаззобтарин нуқтаи тамошо дар Тоҷикистон барои сайёҳони хориҷӣ

Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар гузориши солонааш “Рақобат дар соҳаи сайёҳату ҷаҳонгардӣ-2013” Тоҷикистонро дар мақоми 114-ум гузоштааст. Тоҷикистон дар раддабандии як сол пеш дар зинаи 118-ум қарор дошт. Ин созмони мақараш дар Швейтсария дар маҷмӯъ вазъи сайёҳат ва ҷаҳонгардӣ дар 140 кишварро таҳқиқ карда, Швейтсарияву Олмон ва Австрияро дар се зинаи аввал гузоштааст. Се зинаи поёнии ин раддабандиро кишварҳои африқоии Бурундиву Чад ва Ҳаитӣ – фақиртарин ҷазираи ҳавзаи Кариб – ишғол кардаанд. Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ Русия бо мақоми 63-юм дар ҷои аввал буда, Қазоқистон зинаи 88 ва Қирғизистон мақоми 111, яъне 3 зина болотар аз Тоҷикистонро ба даст овардаанд. Солона ҳудуди 200 0000 сайёҳи хориҷӣ барои тамошо ба Тоҷикистон меоянд.
XS
SM
MD
LG