Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти «ИмрўзNews» ба додгоҳи шаҳри Душанбе


Рӯзномаи «ИмрӯзNеws» 7 март ба коллегияи додгоҳӣ оид ба парвандаҳои шаҳрвандии додгоҳи шаҳри Душанбе аз болои ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 25 феврали соли 2013 шикояти кассатсионӣ бурд.

Як моҳ қабл додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ баҳси Рустам Ҳукумов, писари раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон бо нашрияи «ИмрӯзNews»-ро ба нафъи Рустам Ҳукумов ҳал карда, нашрияро ба пардохти 50 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ муваззаф намуда буд.

Назири Нусрат, сардабири рӯзномаи «ИмрӯзNеws» рӯзи панҷшанбеи 7 март ба радиои «Озодӣ» гуфт, аз болои ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба додгоҳи Душанбе аризаи шикоятӣ пешниҳод кардааст.

Вай афзуд, ки дар аризаи шикоятӣ бо 6 далел собит кардаанд, ки ҳукм ё худ ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар мавриди баҳси «ИмрӯзNеws» ғайриқонунӣ ва беасос аст.

Ба қавли Назири Нусрат, дар ҳалнома омадааст, ки дар мурофиаи додгоҳӣ гӯё ҷониби ҷавобгар саҳеҳияти маълумот дар мақолаи «ИмрӯзNеws»-ро исбот карда натавонист. Дар ҳоле, ки дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ аз ҷониби рӯзноманигори «ИмрӯзNеws» далелҳои саҳеҳияти маълумоти мақолаи нашрия пешниҳод шуда буд.

«ИмрӯзNеws» дар шикояти худ мегӯяд, ки дар мурофиаи додгоҳӣ ваҷҳҳои овардаи нашрия сарфи назар шуд ва он аз ҷиҳати ҳуқуқӣ нодуруст баҳогузорӣ гардид.

Ҳамин тавр, нашрияи «ИмрӯзNеws» бо пешниҳоди чанд далели дигар дар аризаи шикоятӣ ҳалнолмаи додгоҳро беасос шуморида, аз додгоҳи шаҳри Душанбе хостааст, ки қазияро баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG