Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи модар дар Тоҷикистон барфӣ хоҳад шуд


Дар арафаи Наврӯзи соли 2012 низ дар Тоҷикистон барф борида буд.
Дар арафаи Наврӯзи соли 2012 низ дар Тоҷикистон барф борида буд.
Ба иттилои ҳавосанҷони тоҷик, рӯзҳои 8 ва 9 март ҳавои Тоҷикистон сард мешавад ва дар аксар манотиқ барф меборад.

Маркази ҳавошиносии кишвар рӯзи панҷшанбеи 7 март ба радиои «Озодӣ» гуфт, рӯзҳои 8 ва 9 март ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон сард мешавад ва ба эҳтимоли зиёд барф меборад. Ба гуфтаи мутахассиси марказ, рӯзи 8 март ҳарорати ҳаво дар Душанбе шабона 4-6 дараҷа ва рӯзона 5-7 дараҷа гарм хоҳад шуд. Бегоҳӣ борон меборад ва ба эҳтимоли зиёд он ба барфи тар мубаддал шавад. Ҳамчунин, бегоҳӣ пастшавии ҳарорат то -1 +1 дар назар аст.

Дар вилояти Хатлон ҳаво шабона 2-7 дараҷа, рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад ва бегоҳӣ пастшавии ҳарорат то -1 +4 пешбинӣ шудааст. Дар вилояти Суғд ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво шабона 2-7 дараҷа ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад. Дар Ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад. Дар Шарқи ин вилоят ҳаво шабона 12-14 дараҷа ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, бориши барф баъди 9 март қатъ мегардад ва дар рӯзҳои минбаъда ҳарорати ҳаво 12-14 дараҷа гарм хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG