Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кореяи Шимолӣ таҳдиди ҳамлаи ҳастаӣ кардааст


Паради низомӣ дар Пхенян
Паради низомӣ дар Пхенян
Дар ҳоле ки ташаннуҷ дар нимҷазираи Корея афзоиш ёфтааст, Кореяи Шимолӣ таҳдид мекунад, ки бар зидди душманонаш аз зарбаи ҷилавгирикунандаи ҳастаӣ кор хоҳад гирифт. Рӯзи панҷшанбе вазорати корҳои хориҷии ин кишвар гуфт,” аз он ҷое, ки ИМА дар пайи афрӯхтани оташи ҷанги ҳастаӣ мебошад, мо аз ҳаққи худ барои расонидани зарбаи ҷилавгирикунанда бар зидди қароргоҳҳои ишғолгар истифода хоҳем бурд. Ахиран мақомоти Пхенян бо ишора ба таҳдиди таҳримҳои СММ ва размоиши низомии Кореяи Ҷанубӣ ва ИМА таҳдид кард, ки қарордоди 60–солаи хатми ҷанги дар нимҷазираи Кореяро аз эътибор соқит хоҳанд кард. Баъди озмоиши ҳастаии сеюм Шӯрои Амнияти СММ қатъномаеро барои таҳрими бештари Кореяи Шимолӣ омода мекунад. Коршиносон мегӯянд, Кореяи Шимолӣ имкон надорад, ки ба қаламрави ИМА зарбаи ҳастаӣ расонад.
XS
SM
MD
LG