Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раққос фармоиши ҳамла болои раҳбарашро рад кард


Раққоси балет иттиҳоми фармоиши ҳамла болои раҳбари эҷодии Театри Болшойро рад намуда, афзудааст, ки аз нақша огаҳ буд. Рӯзи панҷшанбе Павел Дмитриченко дар додгоҳи Маскав гуфт, ки фарди муттаҳам Юрий Зарутский ба ӯ пешниҳод кард, ки Сергей Филинро мавриди ҳамла қарор диҳад ва Дмитриченко ба ин амал ризоят дод. Дар айни замон Дмитриченко гуфтааст, ки ӯ ҳеҷ ҳадаф надоштааст, ки ба Филин дарду алами ҷисмонӣ расонад. Полис мегӯяд, Филин ба дӯст-духтари Дмитриченко, ки раққоси театри Болшой мебошад, нақши асосӣ тақдим намекард ва ҳамин ҳолат боиси ғазаб ва таҳияи ҳамла шудааст. Масъулони ҳамла ба рӯи Филин кислота ё худ ҳомуз пошиданд, ки дар натиҷаи рӯи сӯхта, нури чашмонаш заиф шудааст.Дмитриченко, Зарутский ва Андрей Липатов дар иртибот бо ҳамла боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG