Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболбози тоҷик бо дастаи “Жетису” шартнома баст


Давронҷон Эргашев - футболбози тоҷик
Давронҷон Эргашев - футболбози тоҷик

Давронҷон Эргашев, ҳимоятгари 24-солаи дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, бо бошгоҳи “Жетису”-и Талдиқӯрғони Қазоқистон шартнома баст.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Давронҷон Эргашев бо бошгоҳи “Жетису”-и Талдиқӯрғон, барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Қазоқистон-2011, ки сармураббиаш Омарӣ Тетрадзе, мутахассиси маъруфи русиягӣ мебошад, ба мӯҳлати як сол шартнома баст ва минбаъд ӯ метавонад, ки шартномаашро тамдид кунад.


Дарвоқеъ, дастаи «Жетису» соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии Қазоқистон ҷойи пеш аз охиринро гирифт, вале мавқеашро дар дивизиони олии Қазоқистон нигоҳ дошт.


Дастаи «Жетису» нахустин бозиашро дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Қазоқистон 9-уми март дар сафар бо тими “Ғайрат”-и Алматӣ анҷом медиҳад.


Бояд гуфт, ки Давронҷон Эргашев дар дастаи «Истиқлол» аз моҳи январи соли 2011-ум бозӣ мекард. Ӯ дар ҳайати “Истиқлол” ду сол пеш қаҳрамони Тоҷикистон гардида, барандаи Ҷоми раиси АФК-2012 мебошад. Ҳамчунин вай ду бор (солҳои 2011, 2012) Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст оварда, порсол барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии кишвар шудааст.
XS
SM
MD
LG