Пайвандҳои дастрасӣ

Горбачев:“Путин набояд аз мардумаш тарсад”


Михаил Горбачев

Михаил Горбачев

Собиқ раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачев қонунҳоеро, ки ахиран дар Русия ба тасвиб расидаанд, “ҳамла ба ҳуқуқи шаҳрвандон” номидааст. Аснои сӯҳбат бо хабаргузории Би Би Си Горбачев гуфт, ӯ аз шумораи бузурги қонунҳои зидду нақиз, ки баъди бозгашти президенти Русия Владимир Путин ба Кремл тасвиб шудаанд, ба ҳайрат омадааст. Дар ин мусоҳиба, ки рӯзи панҷшанбе ба табъ расид, Горбачев изҳор намуд, ки “Путин набояд аз мардумаш тарсад”. Ба қавли Горбачев дар ҳалқаи дохилии Путин “мансабдори дузду ришвахор” зиёд аст. Моҳи январ созмони ҳомии ҳуқуқи башар Ҳуман Райтс Воч Путинро бо раҳандозии маъракаи шадидтарини таъқиби сиёсӣ дар давраи баъдишӯравии Русия муттаҳам кард.
XS
SM
MD
LG