Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Эрон ду хабарнигори "Мағриб"-ро боздошт карданд


Дар Эрон ду хабарнигори рӯзномаи “Мағриб”-ро боздошт карданд. Ба навиштаи хабаргузории ИСНА, кормандони додситонӣ Муҳаммад Меҳдӣ Имомӣ Носирӣ ва Алиризо Оғоэродро рӯзи чаҳоршанбе барои матлабе ба ҳасб гирифтанд, ки дар он гӯё раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод танқид шудааст.

Хабаргузории “Форс” ҳабси хабарнигоронро бо нашри як номаи раисиҷумҳури пешин Муҳаммад Хотамӣ дар рӯзномаи “Мағриб” басъагӣ додааст.

Моҳи январи соли равон дар Эрон даҳ хабарнигор барои робита бо расонаҳои хориҷӣ, ки Теҳрон онҳоро “зиддинқилобӣ” мешуморад, боздошт шуданд. Таъқиби хабарнигорон дар Эрон дар пасманзари омодагиҳо ба интихоботи раёсатҷумҳурӣ, ки қарор аст моҳи июни соли равон баргузор шавад, афзоиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG