Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Собиқ вазири тоҷиктабори қирғиз зиндонӣ шуд


Равшан Собиров
Равшан Собиров
Додгоҳи Қирғизистон собиқ вазири ҳифзи иҷтимоии ин кишвар Равшан Собировро бо ҷурми фасод ба муддати панҷ сол зиндонӣ намуд. Рӯзи паншанбе бо ҳукми додгоҳи Бишкек Собиров, ки аз тоҷиктаборони Қирғизистон аст, аз толори додгоҳ ба маҳбас интиқол ёфт. Ҳамчунин додгоҳ ҳукм баровард, ки моликияти ӯ мусодира шавад. Собиқ муовини Собиров Тоҳир Мирзоаҳмадов ба муддати се сол аз озодӣ маҳрум шуд. Ба ақидаи додгоҳ ин ду нафар ришва гирифта, дар фарзандхонии кӯдакони қирғиз аз тарафи хориҷиён кумак расондаанд. Собиров аз моҳи декабри соли 2011-ум то замони ҳабсаш дар моҳи июли соли 2012-ум вазифаи вазири ҳифзи иҷтимоии Қирғизистонро бар ӯҳда дошт. Моҳи ноябри соли 2012-ум додгоҳ Собировро бегуноҳ ҳисобида, Мирзоаҳмадовро ба муддати 6 сол зиндонӣ карда буд. Вале додситонии кулли Қирғизистон ин ҳукмро қабул накарда бознигарии онро талаб намуд.
XS
SM
MD
LG