Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенатори ҷумҳурихоҳ мухолифатро канор гузошт


 Сенатори ҷумҳурихоҳ аз аёлати Кентакии ИМА-Ранд Пол
Сенатори ҷумҳурихоҳ аз аёлати Кентакии ИМА-Ранд Пол
Сенатори ҷумҳурихоҳ Ранд Пол, ки ба истифодаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ё худ дронҳо дар муқобили шаҳрвандони ИМА муқобил аст, билохира таъхири овоздиҳиро канор гузошт. Сенатор Пол ба воситаи таъхири овоздиҳӣ мухолифаташ ба номзадии Ҷон Бреннан дар курсии раҳбари Агентии марказии кашфи ИМА ё худ CIA-ро нишон дод.
Пол аз маъмурияти президенти ИМА Барак Обама талаб кард, ки расман аз истифодаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин дар муқобили шаҳрвандони Амрико даст кашад.
Ба қавли Пол ва як идда сенаторони дигар ин навъи ҳамлаҳои ҳавоӣ метавонанд ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандони Амрикоро поймол кунанд.
Ҳафтаи равон дар посух ба суоли сенатор Пол додситони кулли ИМА Эрик Ҳолдер аз эҳтимол дур надонист, ки ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин имкон дорад бар муқобили амрикоиҳои муттаҳам дар ҷиноятҳо дар хоки ИМА ҳам истифода шаванд.
XS
SM
MD
LG