Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Австрия ба Тоҷикистон меояд


Ҳайнс Фишер, президенти Австрия, бо як сафари серӯза аз Тоҷикистон дидан мекунад. Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 7 март ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки сафари президенти Австрия ба Тоҷикистон рӯзҳои 11-13 март сурат мегирад ва дидору мулоқот бо президент Эмомалӣ Раҳмон, Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷӣ ва дигар мақомоти баландпояи Тоҷикистон дар меҳвари барномаи Ҳайнс Фишер қарор дорад.

Сафари президенти Австрия ба Тоҷикистон дар ҷараёни боздиди ҳайате аз Вазорати корҳои хориҷии Австрия ба Тоҷикистон, ки дар соли гузашта сурат гирифтааст, мувофиқа шуда буд.
XS
SM
MD
LG