Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Президент аз майли ҷавонон ба терроризм изҳори нигаронӣ кард


Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, аз гароиши ҷавонон ба зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, назири тероризм, изҳори нигаронӣ кард.

Нигаронии президент рӯзи панҷшанбеи 7 март зимни суханронӣ дар мулоқот бо занони фаъол садо дод, ки ба муносибати 8 март - Рӯзи модар, ки дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе ҷараён гирифт.

Президент Раҳмон дар ҳоле ки паёмаш аз шабакаҳои телевизиони давлатӣ низ пахш мешуд, гуфт, ки дар ин чанд моҳи соли равон мақомоти амниятии кишвар аз кишварҳои хориҷӣ наздик ба 100 ҷавонро ба Тоҷикистон баргардониданд, ки онҳо дар мактабҳои террористӣ таълим мегирифтанд ва аз онҳо маргталабони худкуш омода мешуд.

Ба гуфтаи ҷаноби Раҳмон, 5 хонаводаи тоҷик ҳамроҳи фарзандони худ ба хориҷа рафтаанд, то фарзандҳояшонро қурбони амалҳои террористӣ кунанд.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин, президент аз падару модарон даъват кард, то фарзандони худро соҳибӣ кунанд ва ба таълими дуруст фаро гиранд.

Ҳамзамон, Эмомалӣ Раҳмон аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ даъват кард, ки аз ин гуна падидаҳои номатлуб бо ҳар қимате ки бошад, ҷилавгирӣ кунанд.

Фурӯпошии хонаводаҳо, хусусан оилаҳои ҷавон, низ мояи нигаронии президенти Тоҷикистон қарор гирифт ва ҷаноби Раҳмон аз он изҳори ташвиш кард, ки дар чанд соли охир 5 000 хонавода бо талоқ парешон шудаанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG