Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон занону модарони тоҷикро табрик мегӯяд


Субҳи имрӯз, панҷшанбеи 7 март, мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, бо гурӯҳе аз занону бонувони фаъоли кишвар шурӯъ шуд. Айни ҳол мулоқоти президенти Тоҷикистон бо фаъолзанони тоҷик ба муносибати 8 март - Рӯзи модар дар Кохи Борбади пойтахт ҷараён дорад.

Аз панҷ соли пеш 8 март ба унвони Рӯзи модар дар Тоҷикистон таҷлил мешавад. Аммо дар солҳои қабл Тоҷикистон ин рӯзро ба унвони Рӯзи байналмилалии озодии занон ҷашн мегирифт, ки аз замони Шӯравии пешин боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG