Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи мунтахаби духтаронаи футболи Тоҷикистон дар дувумин бозиаш дар мусобиқаи минтақавии қаҳрамонии Осиё дар Шри-Ланка рӯзи 6-уми март бар тими Бутан бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.

Дар мусобиқаи қитъавӣ дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, ки дар шаҳри Коломбо то 10-уми март идома меёбад, дастаҳои духтаронаи синнашон то 14-солаи Бангладеш, Бутан, Тоҷикистон, Шри-Ланка, Ҳиндустон ва Эрон рақобат доранд.

Бутан - Тоҷикистон - 1:2
Голҳо: Мавҷуда Сафарова, 14 (1:0). Муниса Мирзоева, 44 (2:0). Янгдин Тшеринг, 62 (2:1).

Тоҷикистон: Зумрад Назарова, Насиба Олимова, Гуландом Саидова, Наргиза Юнусова, Матлуба Абдулова, Муниса Мирзоева (капитан), Мавҷуда Сафарова, Маҳвора Достакова (Марҷона Файзуллоева, 18), Ҷонона Ҳалимова, Рухшона Мамадалиева, Дилафрӯз Шарифова.

Шри-Ланка - Эрон - 0:3
Бангладеш - Ҳиндустон – 1:5


Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби духтаронаи футболи Тоҷикистон дар аввалин бозиаш дар мусобиқаи минтақавии қаҳрамонии Осиё дар Шри-Ланка рӯзи 5-уми март аз тими Ҳиндустон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрда буд.


Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 Эрон 2 2 0 0 8-0 6
2 Ҳиндустон 2 2 0 0 8-1 6
3 Шри-Ланка 2 1 0 1 5-4 3
4 Тоҷикистон 2 1 0 1 2-4 3
5 Бутан 2 0 0 2 2-7 0
6 Бангладеш 2 0 0 2 1-10 0

Тақвими бозиҳои боқимондаи мунтахаби Тоҷикистон:

Даври 3-юм. 7 март, панҷшанбе: Тоҷикистон – Бангладеш
Даври 4-ум. 9 март, шанбе: Тоҷикистон – Шри-Ланка
Даври 5-ум. 10 март, якшанбе: Эрон– Тоҷикистон
XS
SM
MD
LG