Юкио Омано бори дуввум раиси Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаии СММ, яъне МАГАТЭ интихоб шуд. Ситоди ин ожонс дар Женева ҷойгир аст. Бори аввал Омано соли 2009 ба ин мақом интихоб шуда буд.
Омано дипломати 65 солаи ҷопонист ва хатмкунандаи факултети ҳуқуқи Токио мебошад.
Вай дар ҷараёни фаъолияти худ дар вазорати корҳои хориҷаи Ҷопон дар риштаи сиёсати байналмиллалӣ таҷриба андӯхт. Масъалаҳои халъи силоҳ ҳастаӣ ва пешгирӣ аз густариши аслиҳаи ҳастаӣ дар ҷаҳон аз масъалаҳое буд, ки ба доираи фаъолияти вай медаромад.